Амрико гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои ин кишвар Абдулраҳмон, як раҳбари маҳаллии гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон, кушта шуд. Ин ҳамла рӯзи 10-уми август дар вилояти Кунар сурат гирифтааст.
Бино ба баёнияи расмӣ, ки рӯзи 13-уми август дар Кобул содир шуд, дар ин ҳамла се фармондеҳи дигари ДОИШ низ кушта шудаанд.
Ҷон Николсон, фармондеҳи нирӯҳои Амрико дар Афғонистон, мегӯяд, “кушта шудани Абдулраҳмон зарбаи дигар ба баданаи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аст”.
Дар изҳороти ӯ таъкид шуд, ки Абдулраҳмон номзади аслӣ ба мақоми раҳбари ДОИШ дар Афғонистон буд. Раҳбари пешини ин гурӯҳ моҳи июли имсол дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико дар Афғонистон кушта шуд.
“Мо онҳоро шикор хоҳем кард, то дигар таҳдиде барои мардуми Афғонистон ва минтақа набошанд”, - афзуд Николсон.
Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои Амрико хабари дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шудани 16 сокини осоишта дар Нангарҳорро рад карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҷангандаҳо фақат шӯришиёнро ҳадаф қарор дода буданд.