Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳайати ВКД-и Тоҷикистон ба Узбакистон рафтааст


Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон

Як ҳайати намояндагони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Узбакистон рафта, масъалаи мубориза бо терроризм ва ҳифзи субот дар минтақаро баррасӣ кардааст. Дар Вазорати умури дохилӣ рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳайатро муовини вазир Абдураҳмон Аламшозода раҳбарӣ дорад.

Бино ба иттилои манбаъ, Аламшозода рӯзи 11-уми август бо вазири умури дохилии Узбакистон генерал-майор Абдусалом Азизов мулоқот кардааст.

“Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Узбакистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд”, - афзуд манбаъ.

Ҳамчунин барои табодули таҷриба, додугирифти иттилоъ ва тақвияти ҳамкориҳои дутараф чанд пешниҳод ҳам ироа шудааст. Аммо дар бораи ин пешниҳодҳо тафсилоте дар даст нест.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG