Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Комилов: "Узбакистон хоҳони сиёсати дӯстона бо ҳамсояҳост"


Вазири умури хориҷии Узбакистон гуфтааст, ки кишвараш ҷонибдори сиёсати дӯстона ва созанда бо ҳамсояҳои наздики худ аст. Абдулазиз Комилов, ки рӯзи 11-уми август дар оғози ҳамоиши "Осиёи Миёна-самти асосии сиёсати хориҷии Узбакистон" дар Тошканд сӯҳбат мекард, гуфт, кишвараш бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ марзи муштарак дорад ва манфиатдори табдили минтақа ба ҳавзаи субот, рушди устувор ва ҳамҷаворист.

“Шукуфоии иқтисодӣ ва Осиёи Марказии амн барои мо маҳаки асосист” -гуфтааст ҷаноби Комилов. Вазири умури хориҷии Узбакистон бо такя ба гуфтаҳои Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, "ҳама гуна тарҳҳои муҳими минтақавӣ дар заминаи нақлиёт ва энержӣ бидуни ширкати фаъоли кишварҳои минтақа номумкин аст."

Вай гуфт, “ҳамагонро лозим аст, то бидонанд, ки Осиёи Марказӣ на танҳо маҳдудаи ҷуғрофӣ ва геополитикӣ, балки ҳавзаи ягонаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебошад. Мардуми муқим дар минтақаро арзишҳои муштараки маънавӣ, анъанаҳои миллӣ ва ойинҳо ва таърихи умумии гузашта бо ҳам муттаҳид месозад."

Вай афзуд, "мо хоҳони густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби усули баробарҳуқуқ ва ба назар гирифтани манофеи тарафайн ҳастем. Тошканд омодаи муколамаи созанда, дарёфти ҳалли ҳатто проблемаҳои тезу тунд бар асоси созиши хирадмандона аст”.

Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – самти асосии сиёсати хориҷии Узбакистон” субҳи рӯзи 11 август дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон бо ширкати намояндагони кишварҳои минтақа, коршиносону мутахасисони соҳа оғоз ба кор кард. Қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ зери сарпарастии СММ дар шаҳри Самарқанд конференсияи байналмилалӣ дар робита ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ, баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG