Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп: "Кореяи Шимолӣ бо мушкилии бузурге рӯ ба рӯ хоҳад шуд"


Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар муносибат бо Кореяи Шимолӣ ҳамеша ҷонибдори гуфтугӯ боқӣ мемонад. Ба гуфтаи вай, вале агар онҳо ният доранд, ки ба Иёлоти Муттаҳида зиён расонанд, Пхенян бояд ба изтироб биафтад. Трамп огоҳ кард, ки агар Кореяи Шимолӣ рафтори кунуниашро идома диҳад, пас душвориҳое ӯро мунтазиранд, ки ба гуфтаи Трамп, "пеш бо кам касе рух додаанд".

8 август, баъди нашри матлаб дар нашрияи Washington Post дар бораи зарфиятҳои Кореяи Шимолӣ дар бахши силоҳи ҳастаӣ, президенти Амрико гуфт, посухи Вашингтон ба амалҳои Пхенян "оташ ва хашм" хоҳад буд. Нашрия бо такя ба манбаъҳояш аз бахши иктишофии ИМА навишт, ки Кореяи Шимолӣ тавонистааст, барои мушакҳояш кулоҳакҳои ҳастаӣ тавлид кунад.

Пхенян дар посух ба изҳороти Трамп гуфт, ки "нақша"-и сар додани мушакро ба наздикиҳои ҷазираи Гуами уқёнуси Ором дорад. Ин ҷазира дар ихтиёри ИМА аст. Кореяи Шимолӣ гуфт, ин зарбаҳо ҳушдор ба ИМА хоҳад буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG