Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи "акустикӣ" ба дипломатҳои Амрико дар Куба


Собиқ котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар маъракаи ифтитоҳи дубораи сафорати Амрико дар Гавана
Собиқ котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар маъракаи ифтитоҳи дубораи сафорати Амрико дар Гавана

Дипломатҳои ИМА дар Куба мавриди ҳамлаи "акустикӣ" ё савтӣ қарор гирифтанд. Баъзеи онҳо мушкили шунавоӣ пайдо карданд ва ба Амрико баргаштанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе намояндагони расмии ИМА иттилоъ доданд. Дар посух ба ин ҳодиса ИМА ду дипломати Кубаро аз қаламраваш хориҷ кард.

Биноба манбаҳое, ки матбуоти Амрико аз онҳо иқтибос овардааст, тирамҳои соли 2016 якчанд корманди сафорати Амрико дар Ҳавана мушкили шунавоӣ, дарди сар ва аломатҳои монанд ба зарбаи мағзӣ пайдо карданд. Яканд нафари онҳо маҷбур шуданд ба Амрико баргарданд ва як нафар шунавоияшро аз даст дод.

Сабаби ин ҳодиса маълум нест. Аммо нашрияи The Washington Post рӯзи 10 август навишт, ки бинобар натиҷагирии мутахасисони амрикоӣ, дипломатҳо таҳти таъсири дастгоҳи савтӣ қарор доштанд, ки дар басомадҳо (частоты) кор мекард, ҳарчанд гӯш ин садоро намешунавад.

Кӣ, дар куҷо ва чаро ин дастгҳҳоро насб кардааст, то ҳол маълум нест.

Ҷониби Амрико мақомоти Кубаро моҳи феврал аз ин мушкилот огоҳ кард. Дар изҳороти Вазорати хориҷии Куба омадааст, ки масъала танҳти назорати мақомот олии кишвар қарор дорад ва ба таври ҷиддӣ таҳқиқ мешавад. Ҳавана ихроҷи ду дипломаташро амали "тавҷеҳнашуда" унвон кард. Намояндагони Амрико мегӯянд, аз Куба талаб шудааст, ки теъдоди дипломатҳояшро дар қаламрави ИМА коҳиш диҳад, зеро ин кишвар натавонист амнияти намояндагиҳои диломатии Амрикоро таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG