Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон сиёсати минтақавиашро муаррифӣ мекунад


Харитаи Осиёи Марказӣ
Харитаи Осиёи Марказӣ

Вазорати умури хориҷии Узбакистон якҷо бо созмонҳои хориҷӣ рӯзи 11 август конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ - самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Узбакистон"-ро баргузор мекунад.

Тавре созмондиҳандагон иттилоъ доданд, дар ин нишаст ҳадаф ва муҳтавои сиёсати муосири Узбакистон дар минтақа, ки бар поияи тақвияти муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамсоядорӣ бо кишварҳои ҳаммарз бунёд ёфтааст, шарҳ дода мешавад. Ҳамзамон ҷониби Узбакистон роҳҳои ҳалли масоили калидӣ барои таъмини амният ва рушди устувори минтақаро муаррифӣ мекунад.

Барои ширкат дар конфронс, вакилон, таҳлилгарону коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, сафирони Узбакистон дар кишварҳои ҳамсоя, намояндагони вазоратҳову идораҳо ва рӯзноманигорон даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG