Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Кореяи Шимолӣ барои ҳамла ба пойгоҳи Амрико дар Гуам


Мушаки байниқоравии Кореяи Шимолӣ
Мушаки байниқоравии Кореяи Шимолӣ

Кореяи Шимолӣ эҳтимоли зарба ба пойгоҳи ИМА дар ҷазираи Гуам, воқеъ дар қисмати ғарбии Уқёнуси Оромро мавриди "омӯзиши дақиқ" қарор додааст. Дар ин бора фармондеҳии нерӯҳои Кореяи Шимолӣ рӯзи 9 август изҳорот пахш кард.

Дар изҳорот омадааст, ки барномаи ҳамлаи мушакҳои миёнапарвози "Хвасон-12" ки низомиёни кореягӣ бар сари он кор мекунанд, "баробари иҷозаи раҳбари давлат фаъол мешавад."

Чанд соат пеш аз пахши ин изҳорот, президенти Амрико Доналд Трамп Пхенянро ҳушдор дод, ки агар аз таҳдиди Амрико даст накашад ба "оташу хашми гушношунид" рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Вокуниши Трамп посух ба таҳдиди Кореяи Шимолӣ буд, ки гуфтааст ба ИМА "панди ҷиддӣ" хоҳад дод. Таҳдиди Кореяи Шимолӣ дар ҳоле садо дод, ки рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи таҳримҳои нав алайҳи ин кишварро қабул кард. Пхенян дар ин авохир мушакҳои байниқоравиро озмоиш кард. Ба ғайр аз ин, дар матбуот хабарҳое пахш шуд, ки Пхенян кулоҳаки ҳастаӣ сохтааст, ки онро мешавад ба мушакҳои болдор васл кард.

Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон рӯзи 9 август баъди табодули изҳорот аз тарафи президент Трамп ва раҳбари Кореия Шимолӣ ба оромӣ даъват кард ва гуфт, ки амрикоиҳо асосе барои нигаронӣ надоранд.

Тиллерсон ҳамзамон гуфт, Президент Трамп паёми возеҳ дод, ки агар Пхенян забони дипломатияро намефаҳмад, Амрико ба ҳар таҳдиди он шадидан посух хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG