Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев дар зодрӯзаш ба қароргоҳи нав кӯчид


Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев
Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев

Барои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв дар деҳаи "Байтқӯрғон"-и ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд қароргоҳи нав бунёд мекунанд.

Масоҳати қароргоҳ бузург буда, барои бунёди он манзили зисти даҳҳо сокинро тахриб ва роҳҳоро васеъ кардаанд.

Ба гуфтаи як масъули ҳукумати Қибрай, фармоишгари қароргоҳ дастгоҳи президенти Ӯзбекистон аст ва корҳои сохтмониро муовини раҳбари дастгоҳ Ойбек Турсунов назорат мекунад. Турсунов шавҳари духтари калонии Мирзиёев -- Саида аст.

Яке аз муҳандисон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, қисмати бунёдшудаи қароргоҳро рӯзи 24 июл, дар рӯзи зодрӯзи Мирзиёев, бо тантана ифтитоҳ карданд. "Дохили қароргоҳ бо сангҳои мармари кабуд ороиш ёфтааст, ки аз Аргентина овардаанд ва як метри мураббаи ин санг 500 доллари амрикоӣ қиммат дорад", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи як масъули дигари ҳукумати Қибрай, ба сокиноне, ки манзилҳояшон дар робита ба бунёди қароргоҳи нави президенти Ӯзбекистон тахриб шудаанд, ҳамчун ҷуброн қитъаҳои замин ҷудо шуд.

Президенти Ӯзбекистон то имрӯз дар манзили шахсияш зиндагӣ мекард, ки дар кӯчаи Шамси Тошканд ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG