Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, ки ҳамтои амрикоиаш барои идомаи гуфтугӯ омодааст


Сергей Лавров ва Рекс Тиллерсон
Сергей Лавров ва Рекс Тиллерсон

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 6-уми август гуфт, бо вуҷуди танишҳои дуҷониба ва таҳримҳои нави Вашингтон алайҳи Маскав, ҳамтои амрикоияш омодааст, ки гуфтугӯро дар масоили печида бо Русия идома диҳад. Амрико моҳи гузашта алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

"Омодагии ҳамтоёни амрикоии худро барои идомаи гуфтугӯ эҳсос кардем. Ман фикр мекунам, ба ҷуз гуфтугӯ алтернатива ё роҳи дигаре нест", - гуфт Лавров.

Ин изҳороти вазири умури хориҷии Русия баъди сӯҳбат бо Рекс Тиллерсон, котиби давлатии Амрико дар ҳошияи як нишасти байналмилалӣ дар Манила, пойтахти Филиппин, садо дод. Пас аз таҳримҳои нави Амрико алайҳи Русия ин авалин бор аст, ки Лаврову Тиллерсон бо ҳам мулоқот карданд.

Лавров дар ин сӯҳбаташ гуфт, Курт Волкер – фиристодаи вижаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар масъалаи Украина ба зудӣ бо сафари нахустин ба Маскав хоҳад рафт. Ӯ гуфт, Волкер, ки ба ин мақом моҳи гузашта таъин шуд, дар Русия бо фиристодаи Маскав дар умури Украина Владислав Сурков мулоқот хоҳад кард.

Волкер моҳи июл ба шарқи Украина рафта буд.

Сергей Лавров ва Рекс Тиллерсон ба саволҳо дар бораи таъсири таҳримҳои нав ба ҷараёни баҳси онҳо чизе нагуфтанд.

Аммо Доналд Трамп рӯзи 3-юми август дар Твиттер навишт, ки “муносибати Вашингтону Маскав дар сатҳи поинтарин қарор дорад ва ин хеле хатарбор аст”. Ба дунбол Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, гуфт, ки алайҳи Маскав “ҷанги тиҷорӣ” эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG