Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никкӣ Ҳейлӣ: Таҳримҳо алайҳи Пхенян ҳанӯз кофӣ нест


Никкӣ Ҳейлӣ, сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, таҳримҳои нав алайҳи Куриёи Шимолиро “шадидтарин маҷмӯи таҳримҳо” хонд, аммо гуфт, ки “ҳанӯз кофӣ нест”.

Таҳримҳои нав бар зидди Куриёи Шимолӣ рӯзи 5-уми август ба хотири барномаи мушакиаш ҷорӣ шуд. Қатъномаи таҳримҳои нав алайҳи ин кишварро Шӯрои Амнияти Созмони Миллал тасвиб кард.

Никкӣ Ҳейлӣ гуфт, набояд чунин фикр шавад, ки ҳамаи мушкилот ҳал шудаанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар саҳифаи Твиттераш аз таҳримҳо бар Куриёи Шимолӣ ситоиш кардааст.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, гуфтааст, ки тасвиби як қатъномаи нави Созмони Милал дар хусуси таҳримҳои нав алайҳи Куриёи Шимолӣ “пешрафти хубест”.

XS
SM
MD
LG