Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати уламои Ироқ барои барҳам додани гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Эрон


Уламои динии барҷастаи Ироқ хостори барҳам додани гурӯҳи шибҳанизомиёни шиаи таҳти ҳимояти Эрон шуданд. Муқтадо Ас-Садр рӯзи 4-уми август аз ҷумла хост, ки гурӯҳи “Ҳашд-аш-Шаъбӣ” аз байн бурда шавад.

Тахмин зада мешавад, ин созмони тарафдори ҳукумат 122 ҳазор сарбоз дошта, аксари онҳоро шибҳанизомиёни таҳти ҳимояти Эрон ташкил медиҳанд.

Шайх Фозил Ал-Будайрӣ, олими пештози дигар низ хостори лағви гурӯҳҳои шибҳанизомии таҳти ҳимояти Эрон дар Ироқ шудааст. Ӯ яке аз раҳбарони мазҳабӣ буд, ки чанд соли қабл мусаллаҳ сохтани шибҳанизомиёнро дар миён гузошт ва ин дархосташ соли 2014 пазируфта шуд.

Дар он замон гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” вориди шимолу ғарби Ироқ шуда ва шаҳри Мавсилро тасарруф карда буд.

Ал-Будайрӣ ба хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” гуфтааст, ҳамон вақт медонистанд, ки Эрон аз дархости мусаллаҳ сохтани шибҳанизомиён барои афзоиши қудраташ дар Ироқ сӯистифода мекунад, аммо интихоби дигар надоштанд.

XS
SM
MD
LG