Чанд мард дар либоси занона ба сардабири сомонаи Radar.kg Карачоч Шокирова, ки мехост амалиёти кормандони пулис дар Бишкекро бозтоб диҳад, ҳамла карданд. Рӯзноманигор мегӯяд, ки ҳоло дар беморхона бистарӣ аст.
"Ба ман ҳамҷинсгароён -- мардҳо, ки дар тан либоси занона доштанд, ҳамла карданд. Вақте ҳамроҳи пулис ба маҳалли эҳтимолии ҳодисае рафтем, сарусадо зиёд буд, шахсони маст фарёд мезаданд. Вақте онҳо кормандони пулисро диданд, якеашон, намедонам, мард буд ё зан ба латукуби маъмурони пулис оғоз кард. Маҷбур шудем, нерӯи иловагӣ даъват кунем. Вақте нерӯи иловагӣ ҳозир шуд, ин одамон ба мо дарафтоданд. Дурбини маро шикастанд, либосҳоямро даронданд ва ба сарам бо санг заданд. Ҳоло дар беморхонаам", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи рӯзноманигор, ҳодиса дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи пойтахти Қирғизистон рух дод. Шокирова барои таҳқиқи қазия ба пулис шикоят бурд. Сухангӯи Раёсати умури дохилии Бишкек Одил Оморов гуфт, дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи факти "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва шаш нафар дастгир шудааст.
"Хабар расид, ки ҷавонон тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд. Вақте ба маҳалли ҳодиса кормандони пулис ва рӯзноманигор ҳозир шуданд, ба онҳо ҳамла сурат гирифт. Дастгиршудаҳо ба боздоштгоҳ интиқол ёфтанд", - гуфт Оморов.