Пайвандҳои дастрасӣ

"Пулис буд, дурбини назоратӣ буд. Ронанда чӣ гуна гурехт?" ВИДЕО


Аз ронандаи ин мошин Одил Шарифов, сокини 26-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ном бурда мешавад

Бо гузашти се рӯз аз садамаи маргбор дар маҳаллаи “Водонасос”-и шаҳри Душанбе, ки боис ба ҳалокати ду нафар, аз ҷумла як корманди Вазорати дифоъ шуд, мақомот номи ронанда ва ҷузъиёти садамаро ошкор накарданд. Дар ин ҳодиса ду нафари дигар ҷароҳат бардошта, дар “Қарияи Боло” бистарианд.

Магар дар онҷо ягон нозири роҳ набуд, ки ронандаро дорад? Чаро рақами мошинро гирифта гурехт? Ронанда маст буд? Ҳушёр буд?

Ҳоҷиниёз Ҷабборов, сокини Дашти Мирони ноҳияи Варзоб, дар ин садама писари 35-солааш Қурбоналӣ Ҷабборов, мутахассиси пешбари Вазорати дифоъро аз даст дод. Ӯ рӯзи 2-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ронандаи “Мерседес-Бенс” баъди садама аз ҷойи ҳодиса фирор карда, то ҳол дар куҷо буданаш ба онҳо маълум нест.

Ҳоҷиниёз Ҷабборов
Ҳоҷиниёз Ҷабборов

Ҷабборов гуфт, бо вуҷуди ҳузури нозирони роҳ дар маҳалли ҳодиса ва дурбинҳои “Шаҳри бехатар” ронандаро наёфтаанд ё инки пинҳон медоранд. Ӯ гуфт, ин садама даҳҳо суолро дар зеҳнаш халқ кардааст. “Фарзанди ман ҳам мисли ӯ буд, мағзи сарашро зада баровард. Мегӯянд, ки ёрӣ медиҳанд. Шумо нигоҳ кунед, бо оби дидаи чаҳор фарзандаш чӣ кор кунем? Магар дар онҷо ягон нозири роҳ набуд, ки ронандаро дорад? Чаро рақами мошинро гирифта гурехт? Ронанда маст буд? Ҳушёр буд?” – суол гузошт ӯ.

Падари Қурбоналӣ афзуд, аз ин ҳодиса чанд рӯз мегузарад, вале на мақомоти тафтишотии умури дохилӣ ва на додситонӣ онҳоро даъват накарда, дар бораи ҳодиса маълумот надодаанд. “Фақат наздикони ронандаи “Мерседес-Бенс” ба манзили мо омада, изҳори тасалият намуданд. Онҳо гуфтанд, ки чаҳор кӯдаки Қурбоналиро то ба синни мактабӣ расиданашон таъмин хоҳанд кард”, - илова намуд Ҳоҷиниёз Ҷабборов.

Қурбоналӣ Ҷабборов
Қурбоналӣ Ҷабборов

Яке аз наздикони Қурбоналӣ гуфт, хонаводаи ронандаи фирорӣ аз онҳо хостаанд, ки дар атрофи садама сарусадо накунанд.

Мақомоти расмӣ ба ҷуз аз як хабари Вазорати умури дохилӣ дар бораи ин ҳодиса маълумоти дигаре надоданд. Хабари вазорат мегӯяд, садама рӯзи 30-юми июл рух дода, боис ба марги ду пиёдагард шуд. Вале аз касе ном гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба ниҳодҳои интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ронандаи фирорӣ Одил Шарифов буда, сокини 24-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбест.

Вақте мо ба ҷои ҳодиса рафтем, ҳанӯз осори садама ба назар мерасид. Бархе аз шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки ронандаи “Мерседес-Бенс”, воқеан, бо суръати хеле боло омада, ба чанд нафар ва як мошини “Опел” бархӯрдааст.

Маҳалли садамаи маргбори рӯзи 30-юми июл
Маҳалли садамаи маргбори рӯзи 30-юми июл

Муҳаммад Нозимов, фурӯшандаи нуқтаи ғизои сарироҳӣ дар маҳаллаи “Водонасос”-и пойтахт гуфт, дар ин ҳодиса ҳамроҳи Фирӯз ном ронандаи як мошини "Опел" шадидан захмӣ шуд ва ҳоло дар бемористони Қарияи Боло табобат мегирад. “Аз ҳамон рӯзи аввали садама, наздикони ронанда омаданд ва кумак мекунанд”, - гуфт ӯ.

То ин дам талоши мо барои пайдо кардани маълумоти бештар дар бораи омили садамаи маргбор дар маҳаллаи "Водонасос"-и шаҳри Душанбе ва сӯҳбат бо пайвандонаш бенатиҷа буд.

Мақомот мегӯянд, ки танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 427 нафар ҷон бохта ва 1419 нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон маҷрӯҳ шуданд. Дар чанд соли гузашта ҳам талафот дар натиҷаи садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон дар тӯли сол на кам аз 400 нафар будааст. Соли 2015-ум 446 нафар, соли 2014-ум 449 нафар ва соли 2013 472 нафар дар роҳҳои кишвар ҷон додаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG