Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Назарбоев президенти кӯҳнавардон шуд


Нуралӣ Алиев, набераи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев
Нуралӣ Алиев, набераи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Нуралӣ Алиев, набераи калонии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Федератсияи кӯҳнавардон ва варзиши кӯҳнавардӣ интихоб шуд. Алиев дар гузашта муовини ҳокими шаҳри Остона буд.

Вебсайти Федератсияи кӯҳнавардӣ хабари ба ин мақом интихоб шудани набераи президентро рӯзи 27-уми июл нашр кард. Нуралӣ Алиев, писари Дариға Назарбоева – духтари Нурсултон Назарбоев аст, ки аз моҳи декабри соли 2014 то марти 2016 муовини ҳокими шаҳри Остона буд.

Моҳи апрели соли 2016 номи Алиеви 32-сола дар “Авроқи Панама” – нашри иттилоъ дар бораи суратҳисобҳои бонкии сиёсатмадорон ва тоҷирон дар офшор пайдо шуд. Дар бархе аз кишварҳо нашри ин иттилоъ боиси ҷанҷолҳо ва истеъфоҳо гардид.

Дар Қазоқистон иттилои мазкур ҳеч сару садое барпо накард. Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ки аз рӯи ин қазия таҳқиқро оғоз накардааст, зеро “далелҳои муътамаде дар бораи манбаи иттилои мазкур вуҷуд надоранд”.

XS
SM
MD
LG