Пайвандҳои дастрасӣ

Донал Трамп Чинро сахт танқид кард ва гуфт..


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Чин дар ҳалли баҳси Амрико бо Куриёи Шимлӣ ҳеҷ кӯмак намекунад ва ӯ намегузорад, ки “вазъ ҳамин гуна идома ёбад. Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 29-уми июл дар саҳифааш дар Твиттер навишт.

Баёнияҳои ӯ дар Твиттер баъди он нашр шуд, ки Пхенян як мушаки баллистикии дурпарвозро озмоиш кард ва гуфт, ки акнун Куриёи Шимолӣ қодир аст, қаламрави Амрикоро бо бомби атомӣ ҳадаф бигирад. Дар посух ба ин озмоиш ва чанд соат баъд аз баёнияи Доналд Трамп, ҳавопаймоҳои бомбаандози B-1B- Амрико дар фазои Нимҷазираи Куриё парвоз карданд.

Ҳавопаймоҳои пешрафта аз ҷазираи Гуам бархостанд ва дар муддати 10-соат бо ҳавопаймоҳои Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ шеваҳои радёбии мушакҳоро тамрин карданд. Доналд Трамп дар баёнияааш дар Твиттер ҳамчунин ҳукуматҳои пешини Амрикоро танқид кардааст, ки ба гуфтаи вай, иҷоза доданд, Чин аз ҳисоби кишвараш миллиардҳо доллар ба даст биёрад ва ҳеҷ кӯмаке ҳам барои ҳалли бӯҳрони Куриёи Шимолӣ накунад.

“Раҳбарони гӯли мо ба онҳо имкон доданд, солона аз ҳисоби тиҷорат миллиардҳо доллар фоида бигиранд ва дар масъалаи Куриёи Шимолӣ ба ғайр аз гап дигар ҳеҷ коре анҷом надиҳанд. Мо намегузорем, ки ин кор идома ёбад. Чин метавонад, ба осонӣ мушкилро ҳал кунад” -омадааст, дар паёми Доналд Трамп дар Твиттер.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG