Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз ба ҷои Навоз Шариф? Баҳси нахуствазири оянда дар Покистон


Навоз Шариф рӯзи 28-уми июл ба истеъфо рафт

Ҳизби ҳокими Покистон рӯзи 29-уми июл ташкили ҷаласа карда, дар бораи таъини нахуствазири ояндаи ин кишвар баҳсу гуфтугӯ менамояд. Шаҳбоз Шариф, вазири олии Панҷоб ва бародари Навоз Шариф, нахуствазири инак собиқи Покистон, аз ҷумлаи номзадҳои умда ба ин мақом ба шумор меравад.

Додгоҳи олии Покистон рӯзи 28-уми июл ҳукм кард, ки Навоз Шариф дигар ҳаққи кор дар мақоми нахуствазириро надорад ва ӯро аз ин салоҳияташ маҳрум намуд. Лаҳзаҳое баъд аз судури ин ҳукм, Навоз Шариф истеъфо дод.

Ӯ ба даст доштан дар фасоди идорӣ муттаҳам аст, ки решааш аз ифшогариҳои “Авроқи Панама” дар соли 2016 об мехӯрад.

Гузоришҳои видеоӣ

Аз боҷу андоз озод карданд, оё гӯшт дар Тоҷикистон арзон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG