Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ун иддао кард, ки мушакҳои Куриёи Шимолӣ то Амрико мерасанд


Ким Ҷонг Ун
Ким Ҷонг Ун

Раҳбари Куриёи Шимолӣ иддао кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида акнун дар тирраси мушакҳои баллистикии ин кишвар қарор дорад. Эъломияи Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ дар ин замина рӯзи 29-уми июл аз тарафи хабаргузории давлатии ин кишвар нашр шуд.

Дар ин эъломия гуфта шудааст, Пхенян рӯзи ҷумъа мушаки баллистикии ICBM-ро муваффақона озмоиш кард, ки ба гуфтаи мақомҳои Куриёи Шимолӣ пешрафтатар аз мушакҳои қаблист.

Раҳбари Куриёи Шимолӣ иддао кардааст, ин озмоиш комилан муваффақиятомез буд ва афзудааст, ин мушаки баллистикӣ қудрати интиқоли кӯлоҳакҳои ҳастаиро дошта, метавонад Иёлоти Муттаҳидаро ҳадаф қарор диҳад.

Пеш аз ин, Доналд Трамп озмоиши мушакҳои баллистикиро аз сӯи Куриёи Шимолӣ як иқдоми хатарзо хонд ва ҳушдор дод, ки ин кори Пхенян паёмади хуб нахоҳад дошт.

Трамп гуфта буд, ки Куриёи Шимолӣ бо озмоиши ин мушакҳо бештар дар инзиво қаро гирифта, иқтисодаш заифтар ва мардумаш маҳрумтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG