Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 зодаи Осиёи Марказӣ бо гумони терроризм дар Петербург


Амалиёти боздошти 7 гумонбаршудаи терроризм дар Санкт-Петербург
Амалиёти боздошти 7 гумонбаршудаи терроризм дар Санкт-Петербург

Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 28-уми июл панҷ зодаи Осиёи Марказиро бо гумони тарҳрезии амалҳои террористӣ дар Санкт- Петербург боздошт кард. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" гузориш дод.

Хадамот номи боздоштшудаҳоро ошкор накард ва танҳо гуфт, ки онҳо сокинони Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Баъд аз амали терориристии моҳи апрел дар метрои Петербург, ки 15 нафарро қурбон кард, мақомоти ҳифзи тартибот 10 танро бо гумони даст доштан дар ҳамла боздошт карданд. Бародарон Акрам ва Аброр Азимовҳо, ки тафтишот онҳоро тарҳрези ҳамлаи метро медонад, гуфтанд, ки то "боздошти расмӣ" дар зиндони махфии Хадамоти амнияти Русия шиканҷа шуданд.

Ҳоло дар чанд истгоҳи Санкт-Петербург чораҳои шадиди амниятӣ пиёда мешавад. Бозрасиҳои дақиқ навбатҳои тӯлонӣ дар даромадгоҳи метрополитенро ба вуҷуд овардааст.

XS
SM
MD
LG