Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимори миллиондолларии дипломатҳо дар Туркманистон


Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон қиморхонаеро ошкор карданд, ки гардиши пул дар он ба 1 миллион доллар баробар буд. Мақомот иштирокдорони бозиро, ки гуфта мешавад дар байни онҳо дипломатҳои туркман низ буданд, боздошт карданд.

Манбаҳои наздик ба ин қазия ба бахши Туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳафтаи гузашта сокинони яке аз биноҳои зисти маҳаллаи "Сулҳ-4"-и Ишқобод баъди баланд шудани шӯру ғавғо дар ҳуҷраи бино аз кормандони пулис кӯмак хостанд.

Як корманди пулис ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳуҷра ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла се зан ҳузур дошт, ки қиморбозӣ мекарданд. Пули қимор як миллион доллар буд.

Манобеи муътамади Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бархе аз боздоштшудаҳо кормандони сафоратхонаҳои Туркманистон дар хориҷ буданд. Боздоштро Тавре хабар медиҳанд, кормандони Кумитаи амнияти миллӣ ба маҳалли ҳодиса омада, ходимони пулисро аз бозҷӯӣ маҳрум карданд.

"Маъмурони амниятӣ бе он ки санаде тартиб диҳанд, кормандони пулисро ҷавоб доданд ва гуфтанд, ки ба идомаи қазия расидагӣ мекунанд" - афзуд манбаъ.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти маълумоти расмӣ дар бораи тақдири минбаъдаи қиморбозон бенатиҷа буд. Манобеи мо дар Ишқобод мегӯянд, бештари боздоштшудаҳо, аз ҷумла дипломатҳо аз озод шудаанд, вале парвандаи афроди баландпояи ин гурӯҳ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG