Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири додгоҳи ИА ба лавғи парвандаи зиддимуҳоҷират даъват кард


Намоди адолати додгоҳӣ дар Иттиҳоди Аврупо
Намоди адолати додгоҳӣ дар Иттиҳоди Аврупо

Мушовири аршади Додгоҳи Адолати Иттиҳоди Аврпуо гуфт, қазияе, ки ду кишвари узви Иттиҳод - Маҷористон ва Словакия алайҳи қабули иҷбории паноҳандагон ба додгоҳ бурданд, бояд лағв шавад.

Ин ду кишвар бо пуштибонии Лаҳистон мегӯянд, ки барномаи қабули маҷбурии паноҳандагон, аз соли 2015 ғайриқонунӣ аст ва квотаҳо бояд аз байн бурда шаванд.

Аммо Йвес Бот, мушовири аршади Догоҳи Адолати Иттиҳоди Аврупо, далелҳои Словакия ва Маҷористонро рад кард.

Барномаи қабули паноҳандагон бори ду кишвари узв - Италия ва Юнонро, ки соли 2015 дар авҷи бӯҳрони муҳоҷират таҳти фишори қобили мулоҳиза буданд, сабук мекунад- гуфт Бот.

Машварати Йвес Бот ҳукми қонунӣ надорад, аммо Додгоҳ маъмулан ҳарфи мушовири аршадро ба инобат мегирад.

Ҳукми Додгоҳ дар ин робита охири соли равон содир мешавад.

Лаҳистон ва Маҷористон аз рӯи барномаи ИА ҳатто як паноҳандаро ҳам қабул накарданд.

Словакия ва Чехия низ бо делелҳоии амниятӣ ва баъди ҳамлаҳои террористии солҳои ахир дар кишварҳои узви Иттиҳод, ҳаракате аз худ нишон намедиҳанд.

Бахши умдаи паноҳҷӯён аз Сурияи ҷангзада ва Афғонистону Ироқ ба Иттиҳоди Аврупо омадаанд.

XS
SM
MD
LG