Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар як ҳамла ба пойгоҳи низомӣ 26 сарбозро куштанд


Афғонҳо ҷасади кушташудаҳои таркиши рӯзи 25 июлро ба хок месупоранд
Афғонҳо ҷасади кушташудаҳои таркиши рӯзи 25 июлро ба хок месупоранд

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи низомии воқеъ дар вилояти ҷанубии Қандаҳор, 26 сарбоз кушта ва 13 тани дигар захм бардошт. Қаблан манобеи ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳамла камаш 30 нафарро кушта бар ҷой гузошт.

Субҳи 26 июл дар пайи ҳамлаи Толибон ба ин пойгоҳ даргириии шадид бо нерӯҳои ҳукуматӣ ҷараён гирифт. Дар ин бора чанд манбаъ, ки ҳақи пахши ин маълумотро надоранд, ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Гурӯҳи Толибон бо пахши як изҳорот масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт ва гуфт, ки 74 сарбозро кушта ва шаш нафарро гаравгон гирифтааст.

Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон Муҳаммад Родманиш гуфт, ки мақомот нерӯҳои иловагиро ба саҳнаи ҳамла фиристоданд.

Ҳамлаи ахир дар пасманзари афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон ба вуқӯъ пайваст, ки ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид аз аввали сол 1700 афроди мулкиро қурбон кардаанд.

XS
SM
MD
LG