Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон барои ёфтани донишҷӯҳои гумшуда аз Миср кӯмак хост


Донишҷӯёни қазоқ Қанот Берик ва Йеламен Жазилхан
Донишҷӯёни қазоқ Қанот Берик ва Йеламен Жазилхан

Вазораи умури Хориҷии Қазоқистон аз мақомоти Миср расман даъват ки дар пайдо кардани гурӯҳи нопадидшудаи донишҷӯёни қазоқ кӯмак расонад.

Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 24 июл гуфт, ки шаш донишҷӯй дар Миср забони арабӣ меомӯхтанд ва дар як манзили воқеъ дар Қоҳира зиндагӣ мекарданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Анвар Жайнақов гуфт, ки робитаи донишомӯзон бо хонаводаҳояшон 20 июл қатъ шуд.

Жайнақов пайрави кадом идеоложии тундгароёна будани ин гурӯҳро рад кард.

Пайвандони яке аз гумшудагон шаби 24 июл дар Фейсбук навишт, ки Қанот Берик ва Еламан Жазилхон 11 июл бо ҳавопаймо аз Алмато ба Шарҷа ва аз онҷо ба Миср парвоз карданд. Ба маҳзи расидан онҳо дар намояндагии дипломатии Қазоқистон сабти ном шуданд, аммо аз 20 июл то кунун робита бо ин гурӯҳ қатъ шудааст.

Қазоқистон мегӯяд, ки дар чанд соли гузашта садҳо шаҳрвандаш ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" гаравиданд.

XS
SM
MD
LG