Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: "дӯсти Путин" миллиардери долларӣ шуд


Ректори донишгоҳи кӯҳшиносии Санкт-Петербург Владимир Литвиненко.
Ректори донишгоҳи кӯҳшиносии Санкт-Петербург Владимир Литвиненко.

Ректори донишгоҳи кӯҳшиносии Санкт-Петербург Владимир Литвиненко, ки дӯсти президенти Русия Владимир Путин муаррифӣ мешавад, миллиардери долларӣ шуд, навиштааст нашрияи "Ведомости" рӯзи 24 июл.

Ба маълумоти нашрия, арзиши саҳмияҳои Литвиненко дар ширкати кимиёвии "ФосАгро" беш аз миллиард долларро ташкил дод.

Муаллифони ин матлаб мегӯянд, ки саҳмияҳои аввалини ин ширкати пешсаф дар инстеҳсоли нуриҳои минералиро Литвиненко "барои пуштибонӣ аз қазияи Юкос" ба даст овард.

Ректори донишгоҳи кӯҳшиносии Санкт-Петербург, ки президенти оянда дар ин ҷо рисолаи номзадиашро ҳимоя кард, ду дафъа раиси ситоди интихоботии Владимир Путин буд. Аз рӯи фарзияи Forbes соли равон ӯ ба шумори 200 соҳибкори сарватманди Русия шомил шуд.

XS
SM
MD
LG