Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллӣ: Баъзе амалиёти пулии Ҳоҷӣ Ҳалим ошкор шуд


Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифоъ
Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифоъ

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки баъзе амалиёти интиқоли пул ба гурӯҳи Абдулҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ошкор кардаанд. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, рӯзи 24-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “ин маълумот як сол пеш, ҳангоме чунин ҳодиса рух дод, дархост шуда буд ва дида баромадем. Дар ҳақиқат, баъзе амалиёт вуҷуд дорад. Он аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи тартиби муқарраршуда ба роҳ монда шудааст.”

Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

Қаблан ду муовини бонки ҳамакнун басташудаи “Фононбонк” бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ боздошт шуда буданд.

Субҳи 4-уми сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ. бо шумули Абдуҳалим Назарзода, кушта шуд.

Мақомоти тоҷик ба дунбол Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба даст доштан дар ин ошӯб муттаҳам карда ва фаъолияти онро мамнӯъ намуданд. Аммо раҳбарони ин ҳизб ҳамвора ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтаанд, тамоми кӯшиши мақомот барои аз саҳнаи сиёсат дур кардани онҳо буд.

XS
SM
MD
LG