Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Амрико гуфт, ки истеъфо намедиҳад


Доналд Трамп аа Ҷефф Сешнс
Доналд Трамп аа Ҷефф Сешнс

Додситони кул ва вазири адлияи Ийолоти Муттҳаида Ҷефф Сешнс гуфт, ки сарфи назар аз интиқодҳои президент Доналд Трамп аз мақом истеъфо намедиҳад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рщи 20 июл иттилоъ дод.

Ахиран Трамп дар суҳбат бо нашрияи The New York Times изҳори таассуф кард, ки Сешнсро вазири адлия таъйин кард. Трамп гуфт, агар медонист, ки Сешнс аз тафтиши дахолати Русия дар интихоботи президентии ИМА даст мекашад, ба ҷои ӯ шахси дигарро меовард.

Ҷефф Сешнс худро аз таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии Амрико канор кашид. Ӯ дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки азбаски маълумот дар бораи вохӯрӣ бо сафири Русияро пинҳон кард, акнун зери фишори матбуот қарор дорад.

Додситони кулли Амрико пас аз ошкор шудани мулоқоташ бо сафири Русия дар Вашингтон, мавриди интиқод қарор гирифт. Зеро ӯ дар кумитаи сенат гуфта буд, ки бо намояндаи Кремл мулоқот накардааст.

XS
SM
MD
LG