Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҳавоӣ дастикам 20 нафарро дар Яман қурбон кард


Занҳои яманӣ харобазори баъди ҳамлаи ҳавоиро убур мекунанд

Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи 19-уми июл гуфт, ки дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ болои Яман дастикам 20 нафар, бо шумули кӯдакон, кушта шуд.

Оҷонсӣ мегӯяд, ҳамлаи рӯзи 18-уми июл ба гурӯҳи шаҳрвандони мулкӣ дар минтақаи Мавза, роҳ ба самти вилояти Тайез, осеб расонд. Ин ниҳод дар изҳороташ мегӯяд, гумон меравад, ки бахши умдаи кушташудаҳо узви як хонавода буданд.

Сокинон мегӯянд, ҳамларо ҳавопаймоҳои ҷангии эътилофи таҳти назари Арабистони Саудӣ анҷом дод, ки бо шӯришгарони шиа мубориза мебарад.

Дар ҷараёни низои дусолаи шӯришгарони ҳусӣ, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад ва эътилофи таҳти раҳбарии Саудӣ бо дастгирии Ғарб, камаш 10 ҳазор яманӣ кушта шудааст.

Ҷанг бахши умдаи зербинои кишварро хароб ва роҳро ба қаҳтиву гуруснагӣ ва маргу маризӣ боз кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG