Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағзиши хок дар Сафед-дара. "Биноҳо қисман фурӯ рафтанд" ВИДЕО


Сафед-дара.
Сафед-дара.

Масъулини Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, ки биноҳои навсохти маҷмааи лижаронии “Сафед-дара” дар ноҳияи Варзоб дар натиҷаи лағзиши хок қисман фурӯ рафтанд. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, рӯзи 19-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, биноҳои навсохти ин маҷмаа, ки зимистони имсол ба истифода дода шуданд, аз ташхиси давлатӣ нагузашта буданд.

“Бинобар ин, тақозо дорем, ки ҳамаи лоиҳаҳои сохтмонӣ аз экспертизаи давлатӣ гузаранд”, - афзуд ӯ.

Навори видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Лағзиши хок дар Сафед-дара. "Биноҳо қисман фурӯ рафтанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Ба таъкиди раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, айни ҳол дар маҷмааи лижаронии “Сафед- дара” корҳои барқарорсозӣ идома доранд ва то мавсими нави лижаронӣ ин маҷмаа ба пазироии сайёҳон омода мешавад.

Ширкати “Сафед-дара” зимистони имсол, ин маҷмаи лижарониро пас аз як давраи бозсозӣ ба истифода дода буд. Ширкат бо харҷи 80 миллион сомонӣ дар ин маҷмааи лижаронӣ, хатти нави ҳавоӣ, роҳчаи равон барои боло баромадан, майдончаи яхмолакбозӣ ва ду бинои нави хидматрасонии маиширо барои муштаёрин бунёд карда буд.

Ширкати “Сафед-дара” ин маҷмааи лижарониро соли 2015 бо қимати 1 миллиону 925 ҳазор сомонӣ (беш аз 200 ҳазор доллар бо қурби онвақта) аз давлат харид.

XS
SM
MD
LG