Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ сар нашуда қатъ шуд


Сокинони Монтенегро дар назди бинои Додгоҳи олӣ. Подгоритса, рӯзи 19-уми июли соли 2017
Сокинони Монтенегро дар назди бинои Додгоҳи олӣ. Подгоритса, рӯзи 19-уми июли соли 2017

Мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи қазияи “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” дар Черногория рӯзи 19-уми июл дар Подгоритса оғоз ёфт, вале дафъатан қатъ шуд.

Сабаби ба вақти дигар гузарондани мурофиа ин буд, ки вакилон барканории додситони вежа Миливой Катнич ва додситонҳои дигарро талаб карданд.

Як рӯз пеш аз оғози мурофиа додситонӣ стенография ё гузориши калима ба калимаи гуфтугӯи вакилон бо зерҳимояҳоро пахш кард. Пахши ин гузоришро додситонӣ шарҳ дод ва гуфт, ки айбдоршавандаҳои ҳамлаи террористӣ ва вакилони онҳо ба ҷамъоварии маводи бадномкунанда алайҳи додситон Катнич машғул буданд ва барои беэътибор кардани тафтишот фаъолона амал мекарданд.

Рӯзи 16-уми октябри соли 2016 мақомоти Черногория аз хунсо кардани кӯшиши табаддулоти давлатӣ, дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ, хабар доданд.

Додситонӣ мегӯяд, барномарезони табаддулот, бо шумули шаҳрвандони Русия, мехостанд аз вуруди Черногория ба НАТО ҷилавгирӣ кунанд ва нерӯҳои ҷонибдори Русияро ба қудрат биёранд.

Бо ин иттиҳом ду шаҳрванди Русия – Эдуард Шишмаков ва Владимир Попов боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG