Дар тирпарроние, ки шаби 18 июл дар маҳалли аҳолинишини вилояти Мангистауи Қазоқистон рух дод, дастикам 6 нафар захм бардошт. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар дод. Дар бораи тафсилоти ҳодиса маълумоти зиёд дастрас нашудааст.
Табибони бемористони қазоқистон мегӯянд, ки се захмӣ дар ҷои ҳодиса ёрии тиббӣ гирифтанд. Се ҷавони дигари аз 20 то 23-сола бо ҷароҳатҳои зиёд ба беморхона интиқол ёфтанд.
Шоҳидон мегӯянд, ки ин тирпарронӣ хисороти ҷонӣ ба бор овард. Аммо мақомот ин хабарро тасдиқ ё такзиб накардаанд.