Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремлин: таъсиси "Малороссия" ташаббуси худи Захарченко аст


Владимир Путин ва Дмитрий Песков
Владимир Путин ва Дмитрий Песков

Кремлин мегӯяд, изҳороти раҳбари ҷудоиталабони "Ҷумҳурии мардумии Донетск" Александр Захарченко дар бораи ташкили давлати "Малороссия" дар ҳудуди Украина "ташаббуси шахсӣ"-и ӯст.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи 18 ию гуфт, ки Кремлин дар бораи изҳороти Захарченко "аз ВАО хабардор шуд". Ба иттилои "Интерфакс", Песков гуфт, ки Маскав ҳамчунон аз созишномаи Минск ҷонибдорӣ мекунад.

Захарченко рӯзи сешанбе гуфт, ки тасмими ташкил кардани "Малороссия " дар якҷоягӣ бо намояндагони баъзе аз минтақаҳои Украина гирифта шуд. Ҷудоихоҳони "Ҷумҳурии худхондаи Луганск" мегӯянд, ки ин ташаббус ба Захарченко рабте надоранд.

Президенти Украина Петр Порошенко дар вокуниш ба изҳороти раҳбари ҶМД гуфт, ки Киев соҳибихтиёрии худро дар Донбасс ва Қрим барқарор хоҳад кард. Фаронса ва Олмон аз Русия даъват карданд, ки изҳороти Захарченкоро маҳкум кунад.

XS
SM
MD
LG