Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухтор дар меҳмонхонаи баланошёнаи Маскав


Бинои меҳмонхонаи 18 ошёна дар Новый Арбат, воқеъ дар маркази пойтахти Русия, ки дар ҳоли бозсозӣ қарор дорад, рӯзи 18 июл оташ гирифт.

Бахши шаҳрии Вазорати ҳолатҳои фавқулода мегӯяд,ки дар ин ҳодиса касе осеб надид ва оташнишонҳо сӯхторро хомӯш карданд.

Мақомот мегӯянд, ҳудуди 100 нафар коргари бино баъди сар задани сухтор худашон аз бино берун рафтанд, 26 нафари дигар бо кӯмаки оташниҳонҳо берун омаданд.

Мақомот ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG