Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаққиқи эронӣ дар ҳамкорӣ бо нирӯҳои Басиҷ ба ИМА роҳ наёфт


 Саид Муҳсини Деҳнавӣ
Саид Муҳсини Деҳнавӣ

Муҳаққиқи эроние, ки аз ворид шудан ба ИМАву кор дар бемористони Бостон манъ ва ба Эрон бозпас фиристода шуд, аз ҷониби Амрико барои ҳамкорӣ бо нирӯҳои “Басиҷ”-и Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳам мешавад. Саид Муҳсини Деҳнавӣ ва оилааш баъди расидан ба фурудгоҳи Бостон дар таърихи 11 июл боздошт ва дар фурсати кӯтоҳ дубора ба Эрон бозпас фиристода шуд. Рӯзи 13 июл Деҳнавӣ дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки ӯ барои кор дар соҳаи илму таҳқиқот ба ИМА даъват, вале қурбони қарори нави президент Доналд Трамп оид ба адами иҷозати вуруд ба ин кишвар шуд. Деҳнавӣ як мутахассиси соҳаи саратон аст. Вай гуфт, ки оғози соли ҷорӣ соҳиби визаи амрикоӣ шудааст.

Вале сухангӯи хадамоти гумруки ИМА Стефанӣ Малин дар як изҳороташ рӯзи 12 июл гуфт, ки боздошти Деҳнавӣ ба қарори президент рабт надорад ва манъи иҷозати вуруди ӯ ба кишвар бо маълумоте марбут мешавад, ки Деҳнавӣ дар ҷараёни мусоҳибааш дар сафорат пинҳон карда буд. Бо як қарори баҳсбарангези президент Доналд Трамп ахиран шаҳрвандони шаш кишвари умдатан мусалмоннишин, аз ҷумла эрониҳо, аз ҳақи вуруди 90-рӯза ба ИМА маҳрум шуданд. Иҷозати вуруд танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар қаламрави Амрико хеши наздик доранд ваё аз ҷониби корхона ё сохторе даъват мешаванд.

XS
SM
MD
LG