Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп ва бонуи аввали Амрико – дар Порис


Доналд Трамп ва Мелания Трамп. Фурудгоҳи Порис, 13-уми июли соли 2017
Доналд Трамп ва Мелания Трамп. Фурудгоҳи Порис, 13-уми июли соли 2017

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – ва Мелания Трамп, бонуи аввали ин кишвар вориди пойтахти Фаронса шуданд. Қарор аст, ки онҳо рӯзи панҷшанбе аз Порис дидан карда, рӯзи 14-уми июл дар ҷашни озодии Бастилия иштирок кунанд.

Шоми панҷшанбе Доналд Трамп бо Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, аз ҷумла дар бораи ҷанги Сурия ва талошҳои ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризм, мулоқот хоҳад кард.

Макрон моҳи гузашта дар як сӯҳбати телефонӣ раиси ҷумҳури Амрикоро барои иштирок дар ҷашни озодии Бастилия дар Порис даъват карда буд. Имсол дар рӯзи 14-уми июл аз шомилшавии Амрико ба ҷанги аввали ҷаҳонӣ низ сад сол пур мешавад.

Сафари Доналд Трамп ба Порис баъди як ҳафтаи нишасти сарони 20 кишвари саноатии ҷаҳон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон сурат мегирад. Дар ин нишаст раҳбарони G20 натавонистанд мавқеи Трампро дар мавриди тағйири иқлим ва созиши иқлимии Порис тағйир диҳанд.

XS
SM
MD
LG