Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури раиси ҷумҳури Узбакистон барои нашри шиносномаҳои хориҷӣ


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, дастур дод, ки барои шаҳрвандони кишвараш шиносномаҳои хориҷӣ таҳия шавад. Дар ин бора дар қарори президенти Узбакистон аз 11-уми июл «Дар бораи чораҳои мушаххаси такмили фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар бахши равандҳои муҳоҷират ва бақайдгирии шаҳрвандӣ» зикр шудааст.

Раиси ҷумҳури Узбакистон ба мақомоти дахлдори кишвараш дастур додааст, ки давоми як моҳи оянда дар ин маврид пешниҳоди асоснок ироа кунанд. Пешниҳодҳо бояд «марҳилаи мушаххас, муҳлат, шароити техникӣ ва харҷи молиявии нашри шиносномаҳои хориҷӣ»-ро дар бар гиранд.

Тартиби нави додани шиносномаҳои дохиливу хориҷӣ ва қатъи визаи хуруҷӣ дар Стратегияи рушди минбаъдаи Узбакистон барои солҳои 2017-2021 зикр шудааст.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки тартиби нави низоми дарёфти визаи хориҷшавӣ ва дохилшавӣ боис ба болоравии сатҳи зиндагии мардум мегардад ва бахши сайёҳиро рушд медиҳад.

Шиносномаҳои кунунии дорои иттилои биометрӣ, ки аз соли 2011 ба сокинон дода мешаванд, амалан шиносномаҳои хориҷӣ ҳастанд. Зеро ба талаботи байналхалқӣ посух мегӯянд ва бо ин шиносномаҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар равуо кардан имкон дорад.

XS
SM
MD
LG