Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳимӣ: “Иддаои ба Чин маҳсуб будани бархе аз қаламрави Тоҷикистон иғвоангезист”


Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, хабари баъзе расонаҳоро дар бораи гӯё таърихан ба Чин маҳсуб будани бархе аз қаламрави Тоҷикистон, бо шумули Бадахшон ва Данғараи вилояти Хатлон, иғвоангез ва беасос номид. Ӯ рӯзи 13-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин мавзӯъ ҳеҷ гоҳ матраҳ набуду нест.

“Баъд аз нашри ин матлаб, ки аз қавли Зикриё Акрамӣ, мудири Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон нашр шудааст, мо бо ӯ сӯҳбат кардем. Ӯ гуфт, ки ин мавзӯъ на дар ҳошияи нишасти соли гузашта дар Чин ва на дар сӯҳбатҳои хусусӣ матраҳ нашудааст. Мо раддияро фиристодем, аммо намедонем ба чӣ сабаб онро нашр накарданд. Аммо боз ҳам таъкид мекунам, ки чунин даъво беасос аст”, - гуфт ӯ.

Ахиран вебсайти eureporter.com матлаби муаллиферо бо номи Олга Малик нашр кард, ки дар он аз қавли Зикриё Акрамӣ гуфта мешавад, Чин ба бархе аз қаламрави Тоҷикистон даъвои нав дорад. Бино ба ин хабар, гӯё охири соли 2016 шуморе аз олимони чинӣ барои гузаронидани тадқиқот дар мавзӯи мансубияти қисме аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин дархост дода буданд.

Дар ин матлаб омадааст, ки қарор аст пажӯҳишгарони чинӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳафриёти бостоншиносӣ анҷом диҳанд ва Донишгоҳи политехникии Хяни Чин сармоягузории ин тарҳҳро ба дӯш гирифтааст.

Соли 2011 давлати Тоҷикистон ба манзури ҳалли масоили марзӣ бо Чин 1 ҳазору 158 километр қаламрави худро дар вилояти Бадахшон ба ин кишвар дода буд. Ҳарчанд мақомоти тоҷик ин амрро дастоварди “бузург” дар ҳалли мушкили марзӣ номиданд, мухолифин аз он ба шиддат танқид карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG