Қимати гӯшт дар Узбакистон моҳҳои охир 20 дарсад боло рафт. Дар ҳоли ҳозир як килограм гӯшти гов дар бозорҳои ин кишвар 28 ҳазор сӯм (муодили бештар аз 7 доллар) ва гӯшти гӯсфанд 33-38 ҳазор сӯм нарх дорад.
Дар шаҳри Тошканд болоравии гӯшт як моҳ пеш шуруъ шуд. "Дар силсилафурӯшгоҳҳои "Сабад" як кило гӯшт бештар аз 38 ҳазор сӯм нарх дорад. Аз ҳамин хотир мо маҷбур ҳастем, ки бо грам гӯшт харем, на килограм, чораи дигар нест", - гуфт Мастура, як нафақахӯри ӯзбек.
Як гӯштфурӯш бо номи Бунёдбек мегӯяд, сабаби асосии болоравии гӯшт гарони алафу ғизои чорво аст. "Соли ҷорӣ камбуди алаф мушоҳида мешавад. Мумкин аст, гӯшт аз ин ҳам гаронтар шавад", - гуфт вай.
Ба андешаи таҳлилгарон, омили дохилӣ, яъне беқурбшавии сӯм дар баробари доллари ИМА як сабаби дигари болоравии нархи наво аст. "Ҳоло дар бозори сиёҳ як доллари ИМА 8,5 ҳазор сӯм табодул мешавад. Агар доллар боло равад, пас нархи гӯшт ҳам боло меравад. Агар аз Қазоқистону Қирғизистон гӯшт биоранд, он ҳам гарон меафтад", - гуфт як соҳибкор аз Андиҷони Ӯзбекистон.
Пештар мақомоти маҳаллӣ талош карданд, ки нархи гӯштро назорат кунанд. Мақомот дар бархе аз бозорҳои минтақаҳои Ӯзбекистон дуконҳои фурӯши гӯшти арзон кушоданд.