Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвина Саидова даъвати Пиер Карденро ба Фаронса рад кард


Парвина Саидова
Парвина Саидова

Парвина Саидова, маъруф бо номи Парӣ, модели 28-солаи тоҷик, аз иштирок дар ҷашни 95-солагии Пиер Карден – тарроҳи машҳури фаронсавӣ – даст кашидааст. Парвина Саидова моҳи марти имсол аз Пиер Карден даъвати расмӣ гирифта, қарор буд, ки рӯзи 7-уми июл ба Фаронса биравад, аммо гуфт, ин сафарро лағв кард.

Парвина Саидова то замони иштирок дар клипи Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин ва нашри чанд аксаш дар Фейсбук як зани хонанишин буд ва рӯзаш бо тарбияи фарзандон сипарӣ мешуд.

Ӯ рӯзи 8-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин тасмими худро ба хотири издивоҷаш рабт дод. Парвина гуфт, ки рӯзҳои наздик тӯйи арӯсӣ дорад ва оиларо аз “карйера” боло гузоштааст. Аммо дар бораи инки пас аз издивоҷ аз “карйера” пурра даст хоҳад кашид ё на, чизе нагуфт.

Қаблан Парвина Саидова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вай барои як моҳ ба Фаронса даъват шудааст ва ният дорад, дар ин муддат бо Пиер Карден аз наздик ошно шуда, бо тарроҳони дигар низ дӯстӣ намояд. Ин сафари модели маъруфи тоҷик ба Фаронса баъди пирӯзияш дар озмуни “Маликаи зебоии ҷаҳон” (Miss World Beauty) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар моҳи ноябри соли гузашта имконпазир шуда буд.

Ӯ он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин даъвати Пиер Карденро “шанси бисёр муҳим” донист, ки метавонад ӯро ба дунё муаррифӣ кунад.

Парвина Саидова модари панҷ фарзанд буда, борҳо бо либоси миллии тарроҳони тоҷик ба ҳайси модел рӯи саҳнаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Украина қадам задааст. Вай се соли пеш аз ҷаҳони мӯд дур буд ва тасодуфан дар мадди назари тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов афтод.

Парвина Саидова то замони иштирок дар клипи Ҷӯрабеку Ҷонибек Муродовҳо ва Садриддини Наҷмиддин ва нашри чанд аксаш дар Фейсбук як зани хонанишин буд ва рӯзаш бо тарбияи фарзандон сипарӣ мешуд. Аммо марги шавҳар дар се соли пеш зиндагии ин зани ҷавонро комилан тағйир дод ва наздикон ба Парвина барои раҳо шудан аз андӯҳ ва зиндагии хубу осуда тавсия доданд, то аз симои зебо ва истеъдодаш кор бигирад.

Ҳамин тариқ, ӯ барои муваффақ шудан дар ин роҳ талоши зиёд накард ва танҳо нашри чанд аксаш дар шабакаи Фейсбук ӯро дар бозори реклама ва филмсозӣ “серхаридор” кард.

Парвина Саидова - модари серфарзанд ва модели № 1
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо зани тоҷик симои зебову истеъдоди нақшофарӣ доранд, аммо ба хотири нигоҳ доштани оилаи суннатии хеш аз сохтани карйера даст мекашанд ва симои зебои худро бар ивази хидмат ба шавҳару хонавода ва тарбияи фарзанд, ба қавле, "қурбонӣ мекунанд".

Парвина Саидова ҳам, ки дар 18-солагӣ арӯсӣ кард, ҳамон сол аввалин фарзандашро ба дунё овардааст. Вай гуфт, баъди ворид шудан ба олами мӯд зиндагиаш комилан ранги дигар гирифт ва умед дорад, ки муваффақ хоҳад шуд. Аммо нияти издивоҷи дубора ӯро дар миёни идомаи “карйера” ва зиндагии хонаводагӣ қарор додааст. Ҳоло маълум нест, ки ӯ ба кадоме аз ин ду “ҳа” ва “не” хоҳад гуфт.

XS
SM
MD
LG