Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон се рӯз гувоҳиномаи ронандагӣ намедиҳанд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки муддати се рӯз додани асноди ронандагӣ, сабти мошинҳо ва муоинаи ҳатмии давлатии нақлиётро муттавақиф мекунад.

Бозрасии давлатии автомобилӣ, ки тобеи вазорат аст, рӯзи 6-уми июл гуфт, ки сабаби ин қарор, “гузаронидани корҳои профилактикӣ дар маркази ин ниҳод аст.

Дар ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз рӯзи 8-ум то 11-уми июн додани гувоҳиномаи ронандагӣ, муоинаи ҳатмии нақлиёт ва сабти мошинҳо имконнопазир мешавад.

Ба гуфтаи мақомот, баъди анҷоми корҳои профилактикӣ дар маркази иттилоотӣ, додани санадҳо ба таври муқаррарӣ идома меёбанд.

XS
SM
MD
LG