Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сотсиал-демократҳо ба анҷумани интихоботӣ омода мешаванд


Акс аз соли 2013
Акс аз соли 2013

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон анҷумани ҳисоботиву интихоботии худро дар нимаи моҳи сентябр баргузор карда, қасд дорад 70 дарсади раёсати ҳизбро аз ҷумлаи ҷавонон интихоб кунад. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизб 6 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо мехостем дар моҳи август анҷумани худро баргузор кунем ва ба ин мақсад чанд ҷаласаи минтақавии аъзои ҳизб ҳам баргузор шуданд. Аммо аз сӯҳбатҳое, ки ахиран дар Душанбе доштам, рӯшан шуд, ки дар остонаи таҷлили ҷашни истиқлоли Тоҷикистон ба мо имкон намедиҳанд, ки анҷумани ҳизбиро доир кунем. Ба ин далел тасмим гирифтем, ки баъд аз баргузории рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон мо анҷумани худро даъват кунем".

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои қадимтарин дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дониста мешавад. Аммо дар солҳои истиқлолият ин ҳизб боре ҳам муваффақ нашуда, ки намояндааш узви порлумон шавад. Дар интихоботҳои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳизби мухолиф умдатан аз номзадҳои мухолифин пуштибонӣ мекард. Ба эътиқоди сиёсатшиносон, раҳбарии ин ҳизбро умдатан ҳуқуқдонҳо дар даст доранд, ки намунаи онҳо Раҳматилло Зойиров ва муовинаш Шокирҷон Ҳакимов мебошанд.

XS
SM
MD
LG