Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Компютерҳои ширкати гумонбар дар пахши вирус мусодира шуд


Полиси киберҷиноятҳои Украина серверҳои компютерҳои як ширкати хурдро мусодира кард, ки субҳи рӯзи 5 июл дар дохили он ба истилоҳ “фаъолиятҳои нав” сабт шуд. Полис гуфтааст, ки шояд омилони ҳамлаи ҳакерии ҳафтаи гузашта ҳанӯз ҳам дар фикри анҷоми бебандубориҳо бошанд.

Ширкати нармафзори соҳаи андоз M.E. Doc субҳи 5 июл аз назари эҳтимоли хориҷ шудани вирус санҷида шуд, гуфт сухангӯи полиси киберҷиноятҳо Юлия Квитко. Вай гуфт, ки ин ширкат зоҳиран барои пахши навбатии вируси харобкор омодагӣ медид. Квитко гуфт, ки мутахассисон пеши роҳи ин амалро сари вақт гирифта тавонистанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ тавр рахнагарон ҳамоно ба сервери ширкати M.E. Doc дастрасӣ доранд. Ширкати мазкур ҳоло аз назари паҳн кардани вируси харобкоре, ки кори бонку банкоматҳо ва истгоҳҳои бензинро дар Украина масдуд кардааст, санҷида мешавад. Худи ширкат ин иттиҳомотро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG