Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Олмон аз ҳалокати 18 нафар дар садамаи автобус хабар дод


Саҳнаи садама ва автобуси сӯхта дар шоҳроҳи Олмон. 3 июли соли 2017
Саҳнаи садама ва автобуси сӯхта дар шоҳроҳи Олмон. 3 июли соли 2017

Дар пайи садамаи автобуси сайёҳӣ дар Олмон, ки мусофиронаш афроди бознишаста буданд, 18 нафар ҳалок шуд. Автобус субҳи 3 июл дар шоҳроҳ бо мошини боркаш бархурд ва оташ гирифт.

Вазири нақлиёти Олмон Александ Добриндт гуфт, ки боқимондаи ҷасади 11 мусофирро аз дохили автобуси комилан сӯхта берун оварданд ва ҷустуҷӯи 7 ҷасади дигар идома дорад.

Добриндт ҳамчунин гуфт, ки "алангаи оташ то андозае нируманд буд, ки танҳо баъзе қисматҳои фулузии автобусро метавон шинохт.. ва аз ин метавон хулоса кард, ки оташ ба мусофирон чӣ кард."

Автобус 48 мусофир ва ду ронанда дошт.

Мусофироне, ки аз байни алангаи оташ худро ба берун кашиданд, ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардоштанд.

XS
SM
MD
LG