Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ Туркияро барои сарбанди рӯдхонаҳои Фурот ва Даҷла танқид кард


Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ
Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ

Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ барномаҳои Туркияро, ки мехоҳад дар рӯдхонаҳои Фурот ва Даҷла садҳои бузург бунёд кунад, танқид кард.

Рӯҳонӣ аз Туркия талаб кард, сохтмони ҳарду сарбандро, ки ба гуфтаи ӯ ба тамоми Ховари Миёна хатар дорад, қатъ кунад.

Изҳороти раиси ҷуҳмури Эрон рӯзи 3 июн дар ҷараёни нишасти матбуотии Теҳрон оиди тундбод пахш шуд.

Ӯ аз Туркия ном набурд, аммо гуфт, бунёди чандин садд дар ду рӯдхонаи асосӣ, ки ба Сурияву Ироқ мерезанд, паёмади харобиовар дорад ва ба бисёриҳо, аз ҷумла Эрон таъсир мерасонад.

Назорати Туркия бар саргаҳи рӯдхонаи Фурот ва Даҷла боиси баҳсҳо дар Ховари Миёна аст.

Мунаққидон мегӯянд, ки тасмими Туркия метавонад ба камбуди об дар Сурия ва Ироқ, ҳамин тавр ба бесуботи ва ҷанг дар минтақа сабаб шавад.

Курдҳои Сурия моҳи феврал Туркияро ба ин муттаҳам карданд, ки оби рӯдхонаи Фуротро бо ҳадафои сиёсӣ қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG