Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN твити "кӯдакона"-и Трампро маҳкум кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи 2 июл дар Твиттер видеои ғайриоддиеро нашр кард, ки ба назари рӯзноманигорон ихтилофи миёни расонаҳо, аз ҷумла CNN ва президенти ин кишварро шадидтар хоҳад кард.

Ин навор видеои муҳорибаи чанд сол пешро намоиш медиҳад, ки дар он Трампи он замон соҳибкор варзишкори дар замин афтодаро латукӯб мекунад. Рӯйи варзишкор бо ниқоби электронӣ пӯшида буда, навиштаи CNN-ро дорад.

Миёни расонаҳои Амрико ва президенти ин кишвар, маъмулан зиддият вуҷуд дорад. Вале тавре дар матбуот зикр мешавад, президент Трамп бо нашри ин видео дар рӯёрӯияш бо рӯзноманигорон гоми наверо бардошт.

CNN рӯзи якшанбе бо нашри як изҳорот гуфт, мавқеи президент, ки хушунатро зидди хабарнигорон ташвиқ мекунад, таассуфовар аст. "Мо кори худро идома медиҳем ва президент низ бояд ба вазифаи худро иҷро кунад", - омадааст дар изҳороти CNN.

Доналд Трамп шаш моҳ боз президенти Амрико аст. Назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки шуҳрати ӯ миёни амрикоиҳо ба таври бесобиқа поин меравад.

XS
SM
MD
LG