Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гапатро дар кишварат бизан” Маҳдудияти Олмон ба сиёсатмадорони хориҷӣ


Сӯҳбату изҳороти сиёсатмадорони хориҷӣ дар Олмон се моҳ қабл аз баргузории интихобот ё раъйпурсӣ дар кишварашон манъ шуд. Дар ин бора огоҳии расмии ҳукумати Олмон ба ҳама намояндагиҳои дипломатӣ дар Берлин ирсол гардидааст. Вазорати умури хориҷии Олмон рӯзи 1-уми июл ин хабарро тасдиқ кард.

Ба ҷуз ин, дипломатҳое, ки нияти суханронӣ ё мулоқот дар ягон мавзӯи масоили сиёсӣ доранд, бояд ризоят ё иҷозаи мақомоти Олмонро бигиранд.

Ин маҳдудият ба сиёсатмадорони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дахл надорад.

Зигмар Габриэл, вазири умури хориҷии Олмон, гуфт, “ин қоида” барои он ҷорӣ шуд, ки ҳамагуна муборизаи сиёсӣ дар ин ё он кишвар ба ҳудуди Олмон кашида нашавад. Қаблан Олмон баргузории маъракаеро бо ҳузури сиёсатмадорони турк, ки ба таблиғи ислоҳи Қонуни асосӣ ба нафъи раиси ҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон машғул буданд, манъ кард.

XS
SM
MD
LG