Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин шуд


Нуъмон Абдуғаффорзода

Нӯъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи тозатаъсиси рушди сайёҳии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 30-уми июн қарори ҳукумат содир гардидааст.

Абдуғаффорзода то ин дам ба ҳайси раҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон дар бораи беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ фаъолият дошт. Ӯ соли 1998 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистонро хатм карда, баъдан чанд муддат дар Ҳиндустониу Ҷопон ҳам таҳсил намудааст.

Нӯъмон Абдуғаффорзода аз соли 1998 то 2008 дар Вазорати саноат ва аз соли 2008 то 2009 дар созмони “Имон Интернешнл” кор кардааст. Бино ба ду қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа содир шуд, Ҳабибулло Амирбекзода муовини аввал ва Ширини Амонзода муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин гардидаанд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон охири моҳи майи имсол таъсис шуд ва ба масъалаҳои ҷаҳонгардӣ дар кишвар машғул мешавад. Ин ниҳод дар ҳоле ташкил шудааст, ки мақомот солҳои ахир аз майли афзояндаи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Соли гузашта беш аз 312 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки бино ба ҳисобҳои мақомоти давлатӣ ба иқтисоди кишвар 156 миллион доллар фоида овардаанд. Таҳқиқот нишон медиҳад, дар кишварҳои ҳамсояи аз назари табиату маконҳои диданӣ, монанди Қирғизистон, ин нишондод ду баробар бештар будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG