Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати мунсифа Дадаевро дар марги Немтсов гунаҳкор эътироф кард


Заур Дадаев ба ташкил ва пиёда кардани куштори Борис Немтсов айбдор шуд.

Ҳайати мунсифа дар қазияи додгоҳии куштори сиёсатмадори рус Борис Немтсов, сарбози собиқи гурӯҳи вижаи "Север"-и Вазорати корҳои дохилии Чеченистон Заур Дадаевро дар куштори Немтсов муҷрим эълон кард. Дар ин бора рӯзи 29-уми июн хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ гузориш дод.

Машварати додгоҳӣ аз рӯзи сешанбе ба ин тараф дар додгоҳи низомии ҳавзаи Маскав ҷараён дошт. Ҳайати мунсифа (присяженые) бояд ба 26 суоли додгустар посух медод. Вакили дифои Дадаев гуфт, ки ҳамагуна қарори додгоҳро мепазирад.

Дар баробари Заур Дадаев, инчунин, Анзор ва Шадид Губашевҳо, Темирлан Аскархонов ва Ҳамзат Бахаев дар курсии айбдорӣ нишаста буданд. Ҳайати мунсифа ба ин қарор расид, ки ҳамаи онҳо узви як гурӯҳ буданд. Дар ҷараёни тафтишот Заур Дадаев ва бародарон Губашевҳо гуноҳи худро эътироф карданд. Аммо додгустар ин нишондодҳоро қабул накард ва гуфт, ки онҳо бо шиканҷа ҳосил шудаанд.

Мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи қазияи қатли сиёсатмадори мухолифи Кремлин Борис Немтсов, моҳи октябри соли 2016 оғоз шуд. Дар ин муддат вакилони хонаводаи ӯ борҳо талаб карданд, ки раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба ҳайси шоҳид даъват шавад.

Борис Немтсов шаби 27-уми феврали соли 2015 дар Маскав кушта шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG