Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев назарияи сиёсати динии давлаташро имзо кард


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев консепсияи сиёсати давлатӣ дар умури динро имзо кард. Ҳадаф аз қабули ин санад тақвияти субот ва амният унвон шудааст. Шакли тасдиқшудаи консепсияро расонаҳои расмии Қазоқистон нашр карданд. Дар ҳуҷҷати мазкур омадааст, ки давлати дунявӣ дар умури дохилии иттиҳодияҳои динӣ дахолат намекунад, аммо давлат "бояд фаъолият ва муҳтавои иттиҳодияҳои диниро назорат кунад ва аз онҳо иҷрои қонунҳо ва мурооти манфиатҳои давлатро талаб намояд".

Ба ҷуз ин, дар консепсия "ташкили низоми умумиҷумҳуриявӣ барои мубориза бо тундгароии идеологӣ ва маҳви бархе аз ҷараёнҳои вайронгар" пешниҳод шудааст. Консепсия норасоии шадиди диншиносон ва руҳониёнро эътироф мекунад. Мақомоти Қазоқистон дар ин санад навиштаанд, ки таҳсилоти динии руҳониёни қазоқ дар хориҷ бояд назорат шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG