Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси масоили гумрукӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон


Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон.
Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон.

Рӯзи 28-уми июн дар Хадамоти гумруки назди Тоҷикистон вохӯрии сардори ин ниҳод Абдуфаттоҳи Ғоиб бо сардори Сарраёсати гумруки вазорати молияи Афғонистон Аҳмад Рашод Пупал баргузор шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷиикистон ва Афғонистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси Созишнома миёни ду ҳукумат оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 - уми марти соли 2014, дар ин дидор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Манбаъ афзуд, ҳоло бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба ва амалӣ гардонидани Созишномаи Протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ дар низоми тестӣ татбиқ мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамчунин баррасии масоили тақвияти фаъолияти Системаи боркашони гумрукӣ байналмилалӣ Тоҷикистон, аз ҷумла ҷорӣ намудани механизми «Долони сабз» дар доираи системаи боркашонии мазкур, дар назар аст. Қарор аст имрӯз 29-уми июн Абдуфаттоҳи Ғоиб ва Аҳмад Рашод Пупал дар гузаргоҳи марзии “Панҷи Поён” раванди оғози роҳандозии ин низомро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG