Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 манзили зист дар Амондара зери обу лой монд


Ҳудуди 70 хона дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент зери обу гил монда, имкони зист дар онҳо номумкин шудааст. Cокинон гуфтанд, ки аз ду рӯз ба ин тараф дар хонаҳои хешу табор ба сар мебаранд.

Борони зиёд шоми 26-уми июн дар деҳаи Амондараи Панҷакент сабаби зери лой ва гили ғализ мондани манзили мардум шуд. Рустам Қаҳҳоров, раиси ҷамоати Амондара, рӯзи 28-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “обу лой аз дарёчаи Амондара фаромада, боиси талаф ёфтани чанд моли мардум низ шуд. Талафоти ҷонӣ сабт нашудааст”.

Ҳукумати Панҷакент ба осебдидагон равған, шакар, орд ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалияро расондааст. Мақомот мегӯянд, ки дар ҷои ҳодиса бахши "табиби навбатдор"-ро ҳам ба роҳ мондаанд, то дар сурати зарурат, ба мардум кумак расонанд.

Дар деҳаи Амондараи Панҷакент ҳудуди 800 хонавода зиндагӣ мекунад.

Сели ғайриоддӣ ва вайронгар дар Амондараи Панҷакент
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:34 0:00

Видеоҳои охирин

Салоҳ ба майдон мебарояд, Русияро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:02 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG