Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Чин дар миёни қочоқчиёни инсон дар мақоми аввал аст


Боздошти зане, ки дар қочоқи инсон гумонбар мешавад. Истамбул, акс аз бойгонӣ
Боздошти зане, ки дар қочоқи инсон гумонбар мешавад. Истамбул, акс аз бойгонӣ

Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки солона дар саросари ҷаҳон 20 ҳазор нафар мавриди қочоқ қарор мегиранд ва Чин дар миёни ин кишварҳо дар садри аввал қарор дорад. Дар гузориши солонаи худ оид ба қочоқи инсон, ки ҳадафаш мубориза бо истисмори занону кӯдакон аст, Департаменти давлатӣ гуфт, Пекин нақзкунандаи калонтарини ин қонунҳо буда, ба истисмори нирӯи шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ дар Чин роҳ медиҳад. Вазири хориҷаи Амрико Рекс Тиллерсон рӯзи 27 июн гуфт, ки Русия ҳам ҳазорҳо шаҳрвандони Кореяи Шимолиро истифода мекунад ва даромади онҳо ба фоидаи режими Пхенян равона мешавад. Тиллерсон гуфт, ки умедвор аст асри 21 охирин даврае дар таърихи инсоният мешавад, ки инсон ба истисмори инсонҳои дигар даст мезанад.

Дар гузориш аз Мянман, Афғонистон, Малайзия ва Қатар ситоиш шудааст, ки дар амри мубориза бо қочоқи инсон қадамҳои мусбат гузошта, Русия, Куба ва Тайланд дар ин самт ҳеҷ пешрафт накардаанд. Президент Доналд Трамп гуфта буд, ки мубориза бо қочоқи инсон дар авлавияти кори маъмурияти Кохи Сафед қарор дорад.

XS
SM
MD
LG